Суббота, 08 Август 2020
http://www.zoofirma.ru/
http://www.zoofirma.ru/

 

     Роҳбарии иттиҳоди  методии синфҳои ибтидоиро муаллимаи соҳибтаҷриба Асадуллоева Хосият ба уҳда дорад.

    Бо мақсади нигоҳ доштани тавозуни «Ахлоқ» ва «Дониш» дар синфҳои ибтидоӣ маъмурият диққати ҷддӣ медиҳад. Муаллимони синфҳои ибтидоӣ  ба  ҳайси муаллим +мураббӣ ба кор ҷалб карда мешаванд.

         Ин чунин дар литсей барои инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттии хонандагон диққати ҷиддӣ дода мешавад. Ба ин хотир:

–       аз синфи дуюм то чорум як соат дар як ҳафта машғулияти хушнависӣ гузаронида мешавад;

–      ҳар моҳ техникаи суръати хониш гузаронида мешавад;

–       ҳар моҳ озмуни “қироати шеърҳо”, ”нақл аз рӯи расмҳо”, соатҳои “афсонагӯйӣ” гузаронида мешавад;

–       дарсҳои кушоди намунавӣ аз рӯйи мавзӯъҳои мухталиф мегузаранд, ки хонандагон бо маърӯзаҳо баромад мекунанд;

–       дар синфҳои ибтидоӣ (1-4) ҳар рўз илова ба нақшаи таълимӣ  3 соат машғулияти иловагӣ гузаронида мешавад.

–       барои хонандагони синфи 1- ум дар назди синфхона майдончаи бозӣ мавҷуд  аст, ки баъди ҳар ду соати дарсӣ 10 дақиқа бозиҳои шавқовар гузаронида мешаванд.