Суббота, 08 Август 2020
http://www.zoofirma.ru/
http://www.zoofirma.ru/

МАЪЛУМОТИ МУХТАСАРДАР БОРАИ «ЛИТСЕЙИ РАҲНАМО»

         Муассисаи хусусии таълимии «Литсейи Раҳнамо» бо мақсади пешниҳоди маълумоти миёнаи умумӣ дар сатҳи ҳозиразамон таъсис шуда, аз соли 2010 ба фаъолият оғоз намудааст. Раванди таълим дар литсей дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Литсей зери назорати доимии мақомоти соҳаи маориф ва дар ҳамкории наздик бо бахшҳои дахлдори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.

      То имрӯз «Литсейи Раҳнамо» мувофиқи тартиботи муқарраршуда пурра аз аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ гузаштааст.

      Идеяи асосии таъсисии «Литсейи Раҳнамо» дастгирии сиёсати маорифпарваронаи Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳмгузорӣ дар ташаккули мактаби миёнаи тоҷикӣ дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Мақсади фаъолияти ин мактаб фароҳам овардани шароити сазовор барои кори муаллимон, таъмини дониши хуб барои ҳамаи хонандагон, роҳ надодан ба ҳеҷ гуна гароишҳои сиёсию идеологӣ дар муҳити таълимӣ, ба вуҷуд овардани тафаккури созанда дар хонандагон ва ғайра мебошад.

        Имрӯз дар «Литсейи Раҳнамо» ҳудудан 600 нафар хонанда, аз ҷумла 200 нафар духтарон таҳсил менамоянд. Бо сабаби шароити хуби илмию ахлоқӣ ва нархи дастрас, аксари хонандагони литсейро фарзандони оилаҳои зиёӣ ва хизматчиёни давлатӣ ташкил медиҳанд.

        Дар литсей ҳудуди 80 нафар муаллимон ва кормандон бо ҷойи кор ва маоши баланд таъмин мебошанд.

       Дар солҳои охир дохилшавии хатмкунандагони литсей ба мактабҳои олӣ 100%-ро ташкил намудааст, яъне ҳамаи хатмкунандагони литсей бо муваффақият ба ихтисосҳои беҳтарини мактабҳои олӣ дохил шудаанд, ки ин яке аз нишондиҳандаҳои баландтарин дар ҷумҳурӣ мебошад. «Литсейи Раҳнамо»  ҳамчун яке аз беҳтарин муассисаҳои типи нави ҷумҳурӣ бо Ифтихорнома ва Сипосномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гаштааст.

         Нақшаи таълимии литсей ҳар сол аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, пурра дар доираи Барномаҳои давлатии таълимӣ мебошад. «Литсейи Раҳнамо» гароиши фанҳои дақиқ дошта, дар барномаи таълимии он ҳамчунин омӯзиши амиқи забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ ва чинӣ) ворид карда шудааст.

      Ин мактаб аввалин муассисаи таълимии тоҷикист, ки мувофиқи Фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2014 дар он низоми байналхалқии садхолаи баҳогузорӣ татбиқ мешавад. Дар муддати 3 соли татбиқи ин низом, литсей дар ин самт ба таҷрибаи калон ноил шудааст ва ҳоло ин таҷриба ба мактабҳои дигари ҷумҳурӣ паҳн мешавад. 

      Таҳсил дар литсей аз рӯи системаи кабинетӣ ба роҳ монда шуда, тамоми фанҳо бо кабинетҳои фаннии муҷаҳҳаз таъмин гаштаанд.

     Литсей дар се бинои таълимӣ ва як бинои ёрирасон ҷойгир шудааст, ки бахше аз он ба шартномаи иҷоравӣ ва бахши дигар бо шартномаи имтиёзноки дарозмуддат истифода мешавад. Дар литсей 30 синфхона, майдончаи варзишӣ, толори варзишӣ, майдони калони варзишӣ, толори маҷлисгоҳ, ошхона барои хӯрокхӯрии 150 нафар дар як вақт, китобхона-қироатхона барои 50 ҷойи нишаст, толори дарсҳои лексионӣ, маркази компютерӣ, маркази методию тестӣ  ва ғ. мавҷуд мебошанд.

 Шароити иловагӣ дар литсей

- дар ҳар синф фақат 20-22 нафар талаба мехонанд, ки ин ба боло рафтани сифати таълим таъсири ҷиддӣ дорад;

- таҳсил аз рӯи реҷаи рӯзи бардавом, бо дарназардошти дарсҳои иловагӣ, бозиҳои фикрӣ, маҳфилҳо, иҷрои қисме аз вазифаҳои хонагӣ ва ғ. сурат мегирад;

- хонандагон дар тӯли сол ҳамарӯза бо хӯроки гарм таъмин мешаванд;

- нақлиёти литсей ба хонандагон аз рӯи хатти «аз хона то литсей» - «аз литсей то хона» хизмат мерасонад;

- синфхонаҳо бо видеокамераҳо ҷиҳозонида шуда, волидайн имкон доранд, ки раванди дарсҳоро аз утоқи назоратӣ мушоҳида намоянд;

- фазои солими ахлоқӣ бо кӯмаки мураббиёни касбӣ, мушовир, педагог-равоншинос, волидайн  ва кори инфиродӣ бо ҳар хонанда сурат мегирад;

- назорати доимии духтури литсей, тарбияи фарҳанги ҳаёти солим ва таъмини муҳити санитарию гигиенӣ дар литсей ба роҳ монда шудааст.