Суббота, 08 Август 2020
http://www.zoofirma.ru/
http://www.zoofirma.ru/

 Маркази тестии «Литсейи Раҳнамо»

     Марказ бевосита ба муассиси литсей тобеъ буда, роҳбарии онро Хоҷаев Парвиз ба уҳда дорад.   

     Маркази тестии «Литсейи Раҳнамо» ду нақши асосиро анҷом медиҳад:

       1.  Расонидани ёрии методӣ ба муаллимони литсей ва иттиҳодияҳои методӣ

      2. Санҷиши алтернативии дониши хонандагон бо усули тестӣ бо мақсади назоратӣ

     Дар самти якуми фаъолият, яъне расонидани ёрии методӣ ба муаллимон ва иттиҳодияҳои методӣ, намояндаи Марказ дар тӯли сол дар дарсҳои муаллимон иштирок намуда, ҳар моҳ вазъи таълими як фанни муайян ва ё сикли муайяни фанҳоро мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Ин бахш аз тарафи мушовири литсей, ки аз ҳисоби собиқадорони соҳаи маориф аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шудааст, пеш бурда мешавад. Мушовир мушоҳида ва хулосаҳои моҳонаи худро аз раванди дарсҳо ҷамъбаст намуда, бо муаллимони ҳамон иттиҳодияи методӣ машварати методӣ мегузаронад. Сипас, натиҷаҳои мушоҳида ва пешниҳодҳои мушаххаси худро дар Шӯрои педагогӣ ба миён мегузорад, ки он аз тарафи муаллимон ба таври васеъ муҳокима мешавад.

      Шӯрои педагогӣ  пас аз муҳокимаи гузориши мушовир дар бораи ислоҳи камбудҳо ва рушди методҳои таълими фанни муҳокимашуда дар литсей қарор қабул менамояд. Ин равиш боис мешавад, ки муаллимон эҳсоси масъулият намуда, ба таври пайваста маҳорати касбии худро равнақ диҳанд. Истифодаи ин равиши назорат ва ёрии методӣ ба муаллимон натиҶаҳои мусбати худро додааст.

       Дар самти дуюми фаъолият, яъне санҷиши алтернативии дониши хонандагон бо усули тестӣ, Маркази тестӣ дар тӯли соли хониш 4 санҷиши иловагии тестӣ баргузор менамояд. Мувофиқи банди 19-уми Оинномаи «Литсейи Раҳнамо», муассиса бояд ҳар сол бо мақсади санҷидани пешрафти донишу маҳорати шогирдон имтиҳонҳои дохилилитсейиро баргузор намояд.

     Маркази методию тестӣ дар тӯли сол ҳам барои муаллимон ва ҳам барои хонандагон семинарҳои омӯзишӣ баргузор менамояд. Дар ин семинарҳо ба муаллимон равишҳои тартиб додани саволҳо ва ба хонандагон тарзи супоридани санҶишҳои тестӣ таълим дода мешавад. Санҷишҳо бо усули муосир ва бо равиши шаффоф гузаронида шуда, натиҷаҳои он барои назорати кори воқеии муаллимон ва дониши воқеии хонандагон истифода шуда, дар ниҳоят панҷоҳ дар сади холи ҷамъбастии марҳилаи хонандагонро ташкил медиҳад.

      Фаъолияти Маркази методию тестӣ ва баргузории санҷишҳои иловагӣ бо усули тестӣ дар хулосаҳои мақомоти дахлдори Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Литсейи Раҳнамо» ҳамчун як дастоварди мусбат қайд карда шудааст.